إِن يَمْسَسْكُمْ قَرْحٌۭ فَقَدْ مَسَّ ٱلْقَوْمَ قَرْحٌۭ مِّثْلُهُۥ ۚ وَتِلْكَ ٱلْأَيَّامُ نُدَاوِلُهَا بَيْنَ ٱلنَّاسِ وَلِيَعْلَمَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَيَتَّخِذَ مِنكُمْ شُهَدَآءَ ۗ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ ٱلظَّـٰلِمِينَ ١٤٠
Ий ямсаскум қарҳун фақад масса-л-қавма қарҳу-м мислуҳ. Ва тилка-л-аййому нудовилуҳо байна-н-носи ва ли яъламаллоҳу-л-лазина оману ва яттахиза минкум шуҳадаъ. Валлоҳу ло юҳиббу-з-золимин.
Агар шуморо захме расид, пас ҷамоъаи кофиронро (низ) захме монанди он расидааст. Ва ин ҳодисаҳоро барои фоидаҳои бисёр дар миёни мардум мегардонем, то Аллоҳ ононеро, ки имон овардаанд, бидонад ва баъзе аз шуморо шаҳид гардонад. Ва Аллоҳ ситамгаронро дӯст намедорад.
3:140