فَكَيْفَ إِذَا جَمَعْنَـٰهُمْ لِيَوْمٍۢ لَّا رَيْبَ فِيهِ وَوُفِّيَتْ كُلُّ نَفْسٍۢ مَّا كَسَبَتْ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ ٢٥
Фа кайфа изо ҷамаъноҳум ли явми-л ло райба фиҳи ва вуффият куллу нафси-м мо касабат ва ҳум ло юзламун.
Пас, чӣ гуна бошад ҳоли онҳо, чун ҷамъ кунем онҳоро, дар рӯзе, ки дар омадани он ҳеҷ шакке нест? Ва ҳар касро ҷазои он чӣ (ба он) амал кардааст, тамом дода шавад. Ва онҳо ситам карда нашаванд.
3:25