قَدْ سَمِعَ ٱللَّهُ قَوْلَ ٱلَّتِى تُجَـٰدِلُكَ فِى زَوْجِهَا وَتَشْتَكِىٓ إِلَى ٱللَّهِ وَٱللَّهُ يَسْمَعُ تَحَاوُرَكُمَآ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَمِيعٌۢ بَصِيرٌ ١
Қад самиъаллоҳу қавла-л-латӣ туҷадилука фӣ завҷиҳа ва таштаки илаллоҳи валлоҳу ясмаъу таҳавуракума. Инналлоҳа самӣъун басӣр.
Батаҳқиқ, Аллоҳ сухани он занеро, ки бо ту дар боби шавҳари худ гуфтугӯ дошт ва ба ҳузури Худо шикоят (фарёд) мекард, шунид ва Аллоҳ гуфтугӯи шуморо (ҳам) мешунид. Албатта, Аллоҳ шунавову биност.
58:1