إِنَّمَا ٱلنَّجْوَىٰ مِنَ ٱلشَّيْطَـٰنِ لِيَحْزُنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَلَيْسَ بِضَآرِّهِمْ شَيْـًٔا إِلَّا بِإِذْنِ ٱللَّهِ ۚ وَعَلَى ٱللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ ٱلْمُؤْمِنُونَ ١٠
Иннама-н-наҷва мина-ш-шайтони ли яҳзуна-л-лазӣна аману ва лайса биЗорриҳим шай-ан илла би изниллаҳ. Ва ъалаллоҳи фа-л-ятаваккали-л муъминун.
Албатта, рози бад гуфтан аз кори шайтон аст, то шахсонеро, ки имон оварданд, андӯҳгин созад. Ва ба онҳо ҳеҷ чиз зарар расонанда нест, магар ба хости Аллоҳ ва бояд муъминҳо бар Аллоҳ таваккул кунанд.
58:10