Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
52

Ал-Афувв

العَفُوُّ

Уқубати бисёре аз гуноҳҳоро тарк мекунад.

Афувв – бисёр афвкунанда. Афв – яъне маҳви гуноҳ, гузашт кардан.

Аллоҳ бисёр афвкунанда аст. Ҳарчанд гуноҳи банда бисёр бошад, афв мекунад. Афви Аллоҳ тамоми гуноҳҳои бандаро шомил мешавад. Афв аз мағфират чӣ фарқ дорад?

Мағфират – гуноҳро соқит карда, ба савоб ноил кардан аст, бо мағфират ягон намуди азобу уқубат нест, мағфират пӯшидани гуноҳ аст.

Афв – танҳо соқит кардани уқубат ва маломату мазаммат аст. Афв гоҳо пеш аз уқубат мешавад ва гоҳо пас аз уқубат.

Мағфират аз шарри гуноҳ нигоҳ медорад. Ҳамчунин Аллоҳ ба шахси мағфиратшуда рӯй оварда, аз ӯ розӣ мешавад. Аммо ба шахси афвшуда бошад, гоҳо афв мекунад, вале ба ӯ рӯй намеорад ва розӣ намешавад. Хулоса, мартабаи мағфират аз афв хеле баланд аст.

Ин ном дар Қуръони карим панҷ маротиба зикр шудааст.

Номи Абдулафувв ва Афувв ҷоиз аст.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 4:43📖 4:99
52 / 99