Ат-Таввоб
Қабулкунандаи тавбаи бандаҳо. Ба маънои тавбапазир меояд, яъне тавбаро қабул мекунад. Ҳарчанд гуноҳи банда бисёр бошад, агар тавба кунад, Аллоҳ тавбаашро қабул мекунад. Тавбакунандаро рад намекунад. Касе шабона ё рӯзона тавба кунад ва се шарти тавбаро ба ҷо орад, албатта Аллоҳ таоло тавбаашро қабул мекунад. Аллоҳ касеро дӯст медорад, ки аз гуноҳҳояш тавба мекунад. Вақте банда тавба мекунад, Аллоҳ таоло аз ӯ сахт хурсанд мешавад.
Дар Қуръони карим 11 маротиба ин ном зикр шудааст. Аллоҳ таоло тавбаро машрӯъ гардонид, яъне амри шаръӣ кард. Аллоҳ таоло тавбаро барои бандааш тавфиқ медиҳад, яъне ба қалбаш илҳом мебахшад, ки тавба кунад, вагарна ҳеҷ кас наметавонад тавба кунад. Аллоҳ аз фазлу карамаш гуноҳҳоро мебахшад ва барои тавбакунанда боз савобу мукофот медиҳад. Гоҳо он гуноҳҳоро ба савоб табдил мегардонад. Аллоҳ ҳамеша тавбаро қабул мекунад. Дари тавба то рӯзи қиёмат боз аст.
Шартҳои қабули тавба:
1) Аз гуноҳ бозистодан.
2) Пушаймон шудан.
3) Қасд кардан, ки дигар ба гуноҳ барнамегардад.
Ва агар гуноҳ дар ҳаққи махлуқ бошад:
4) Аз махлуқ ҳалол шудан, яъне ҳаққашро баргардонидан, ё узр пурсидан, ё дар ҳаққаш дуо кардан.
Тавба як роҳи наҷоту баромад аз мушкилиҳо аст. Бинобар ин бузургон вақте ба сарашон мусибату бало меомад, гуноҳҳои худро ҷустуҷӯ карда, тавба мекарданд.
Номи Абдуттавоб номи нек ҳисоб мешавад. Аммо Таввоб ҳам ба Аллоҳ гуфта мешавад, ҳам ба махлуқ. Аллоҳ Таввоб, яъне тавбапазир аст. Банда Таввоб, яъне бисёр тавбакунанда аст. Дар ҳадис омадаст:
«Беҳтарини хатокорҳо таввобҳо ҳастанд». Ривояти Тирмизӣ.
Мурод аз калимаи таввобҳо тавбакунандаҳо мебошад. Банда низ таввоб номида мешавад.