Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
37

Ал-Азим

الْعَظِيمُ

Соҳиби шаъни кабир ва султон.

Азим – бузург. Аллоҳ дар зот, дар номҳо, сифатҳо ва корҳояш азим аст. Чун Аллоҳ Азим аст, танҳо ба Ӯ бояд таъзим карда шавад, ягон махлуқ сазовори таъзим кардан нест. Азим зотест, ки Ӯро халқ бузург мешуморад ва аз Ӯ метарсанд. Аллоҳ таоло дар ҳадиси қудсӣ гуфт:

«Кибриё ҷомаи ман, азамат эзори ман аст, пас касе аз ман ин дуро гирифтан хоҳад, ӯро мешиканам, сипас ба оташи дузах мепартоям». Ривояти Абӯдовуд.

Аллоҳ таоло бо тамоми маъно бузург аст. Ҳар чизеро, ки Аллоҳ бузург шуморидааст, бояд мо низ бузург шуморем. Мусалмон дар ибтидои намоз бо гуфтани «Аллоҳу акбар», яъне Аллоҳ аз ҳама бузург аст, Аллоҳро бузург мешуморад. Дар намозу рӯза ва ҳаҷ вазифадор аст, ки Аллоҳро бузург шуморад.

Дар Қуръон ин ном бисёр зикр шудааст.

Номи Абдулазим аз ҷумлаи номҳои нек буда, Азим ҳам ном гузоштан боке надорад.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 2:255📖 42:4📖 56:96
37 / 99