Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
36

Ал-Ҷамил

الْجَمِيلُ

Бисёр зебо аст, ҳам дар зоташ ва ҳам дар номҳо ва сифатҳо ва афолаш.

Ҷамил – зебо, соҳибҷамол. Ин ном дар ҳадис собит шудааст:

«Аллоҳ таоло зебо аст, зебоиро дӯст медорад». Ривояти Муслим.

Аллоҳ худ зебо аст, инчунин номҳояш зебо, сифатҳояш зебо, корҳояш зебо мебошанд. Халқ ва алалхусус инсонро зебо офарид. Дар сураи Тин гуфт:

«Дар ҳақиқат инсонро дар беҳтарин сурат офаридем».

Ҳар зебоеро дидед, бидонед, ки он зебоиро Аллоҳ ато кардааст. Ҳурҳои ҷаннатро ниҳоят зебо офаридааст. Худро барои Аллоҳ зебу зинат диҳед. Парвардигоро моро ба дидори ҷамолат (зебоият) мушарраф бигардон.

Абдулҷамил номи нек буда, ҳамчунин Ҷамил низ иҷозат аст.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

Ҳадис
36 / 99