Ал-Ҷаббор
Қоҳири халқаш.
Ҷаббор – тавоно, соҳиби қудрат, ва хашм.
Ҷаббори ҳама олам, тамоми олам дар қабзаи Ҷаббор аст.
Ҷаббор ба ду маъно меояд.
Якум: бо номҳои Қаҳҳор, Алӣ ва Мутакаббир ҳаммаъно аст. Яъне Аллоҳ Олӣ, Ғолибу Калонигарикунанда ва Ҳокими мутлақи олам аст.
Агар тамоми халқ, инсу ҷин як кореро хоҳанд, вале Аллоҳ нахоҳад, хоҳиши Ҷаббор ҳамаро ғалаба мекунад.
Дуввум: ҷубронкунандаи қалби шикастаи нотавон, заифу бенавоён аст. Ҳар қалбе, ки ба хотири Аллоҳ шикаста шудааст, Аллоҳ онро ҷуброн мекунад.
Ҷаббор камбағалро беҳоҷат мегардонад, ба бемор шифо медиҳад, ба гирифтори мушкилиҳо осонӣ медиҳад.
Ҳар касе ба Ҷаббор паноҳ барад, албатта Ӯ ҷубронкунандаи ӯст.
Ҳар мусибатро ҷуброн мекунад ва агар дар мусибат сабр кунад, бар мусибаташ подоши бузург медиҳад.
Ин ном як маротиба дар Қуръон зикр шудааст.
Номи Абдулҷаббор аз ҷумлаи номҳои нек аст. Ҷаббор низ ҷоиз аст.