Ал-Азиз
Манъкунандае, ки мағлуб намешавад. Тамоми маъноҳои иззат аз Ӯст. Дар забони арабӣ ба маъноҳои Ғолиб, гаронбаҳо, боарзиш, камёб, нодир, ноёб меояд. Аллоҳ Ғолиб аст, Ғолибе, ки мағлуб намешавад, ҳар чизе хост, мекунад. Касе Ӯро ғалаба карда наметавонад. Ҳукми Ӯро касе рад карда наметавонад. Номи Азиз дар Қуръони карим наздик ба 100 маротиба зикр шудааст.
Азиз ба маънои оне мебошад, ки ҳамаи маънои иззат аз они Ӯст. Чӣ тавре ки гуфт:
«Албатта ҳамаи иззат аз они Аллоҳ аст». Сураи Юнус, ояти 65.
Аз асарҳои имон ба ин ном, яъне аз меваҳо ва натиҷаҳои имон ба номи Азиз ин аст, ки хорӣ ва зиллати банда бояд танҳо назди Аллоҳи Азиз бошаду бас. Чун ҳеҷ кас ҷуз Аллоҳ мавсуф бо иззати мутлақ нест. Ба касе ҷуз Аллоҳ илтиҷо ва зорӣ накунед. Ба ҳимояи касе ҷуз ба ҳимояи Аллоҳи Азизу Ғолиб паноҳ набаред. Иззатро танҳо аз Аллоҳ донеду аз Аллоҳ талаб кунед. Аллоҳ дар сураи Фотир мегӯяд:
«Касе иззат хоҳад, пас Иззат ҳамааш аз они Аллоҳ аст». Яъне касе хоҳад, ки дар дунё ва охират шахси азиз бошад, бо қадру бо обрӯ бошад, пас иззат дар дасти Аллоҳ аст. Ба иззат танҳо бо итоати Аллоҳ ноил метавон шуд.
Аммо онҳое, ки бутҳоро ибодат мекунанд ва ба умеди иззат ҳастанд, ё кофиронро ба худ дӯст мегиранд ва иззатро аз онҳо медонанд, албатта дар гумроҳӣ ҳастанд. Иззат ғалаба ва қувват аст. Имоми Қуртубӣ гуфт:
«Барои ҳар бандаи мукаллаф донистан фарз аст, ки Аллоҳ Ғолиби мутлақ аст. Аллоҳ таоло дар сураи Муҷодала гуфт:
«Аллоҳ ҳатмӣ ва зарурӣ гардонид: Албатта ман ғалаба мекунам ва паёмбаронам, албатта Аллоҳ Қавию Азиз аст».
Касе аз Аллоҳ рӯй гардонад ва ба умеди ғайри Аллоҳ бошад, албатта ӯ мағлуб аст. Яке аз сифатҳои Аллоҳ Ал-Муъизз, яъне иззатдиҳанда, азизкунанда аст. Аллоҳ таоло худ Азизу Ғолиб аст, ҳамчунин боз Аллоҳ азизкунанда ва иззатдиҳанда аст. Ӯ ғолиб мекунад. Ҳар касе ғалаба кард, пас ӯро Аллоҳ ғолиб гардонидааст. Аллоҳ Ғолибу Қавӣ аст, мағлуб намешавад. Ӯ зотест, ки паёмбаронро азиз гардонид, авлиё ва итоаткорро азиз мегардонад, агарчи фақир бошанд. Аллоҳ таоло иззатро бо тоат ва зиллатро бо гуноҳ алоқаманд гардонидааст. Инчунин Аллоҳ Ал- Музилл, яъне залилкунанда ҳаст. Душманони худ ва кофирону мунофиқонро хору залил мегардонад. Касе гуноҳ мекунад, ба умеди иззат нашавад, ӯро зиллат мунтазир аст. Хусусан касе, ки бо Аллоҳу дини Ӯ меҷангад, ба амру фармонҳои Аллоҳ эътироз мекунад ва шариати Аллоҳро бад мебинад, хору залил мешавад.
Абдулазиз яке аз беҳтарин номҳо буда, Азиз ном гузоштани кӯдак низ ҷоиз аст.