← Бозгашт
18px
33
Ал-Муҳсин
الْمُحْسِنُ
Муҳсин – эҳсонкунанда дар корҳояш, эҳсонкунанда дар инъомаш ба бандагонаш.
Дақиқу нозуккор дар ҳама корҳояш, дар халқу офариниш, инсон, мева, осмону заминро ба дараҷаи олӣ офарид. Халқро дар некиҳоияш ғарқ кардааст. Лутфу марҳаматаш зиёд буда, неъматҳои бисёреро, ки шуморида намешавад, ато мекунад.
Ӯ зотест, ки офариниши ҳар мавҷудотро ба беҳтарин сурат анҷом дода, онҳоро меофарад, мадад мерасонад ва ба роҳи рост ҳидоят мекунад.
Аллоҳ Муҳсин аст ва эҳсонкоронро дӯст медорад. Дар Қуръон амр кардааст:
«Некӣ кун, чӣ тавре ки Аллоҳ ба ту некӣ кард». Сураи Қасас, ояти 77.
Ин ном дар се ҳадис собит шудааст. Аз ҷумла: «Аллоҳ муҳсин аст, эҳсонро дӯст медорад». Абдулмуҳсин номи нек буда, Муҳсин ҳам ном гузоштан боке надорад.