Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
32

Ал-Мутакаббир

الْمُتَكَبِّرُ

Соҳиби кибриё ва азамат.

Мутакаббир – соҳиби кибру бузургӣ, калонигарӣ, чун аз ӯҳдааш мебарояд, ва ҳақ дорад калонигарӣ кунад.

Аллоҳ Малик (Шоҳ) аст, дигар ҳама мамлук, яъне бандаи Аллоҳ ҳастанд. Ӯ соҳиби мулк аст, соҳиби қудрат аст, ягон коре нест, ки Аллоҳ аз ӯҳдааш набарояд, пас ҳақ дорад кибру калонӣ кунад. Аллоҳ мутакаббир аст. Мутакаббир иборат аз камоли зот ва камоли вуҷуд аст. Танҳо Аллоҳ Мутакаббир аст шарике надорад. Касе такаббур кунад, Аллоҳ ӯро дар дунё хор мегардонад ва ба ҷаҳаннам ваъид кардааст.

Иблис, Фиръавн, Валид ибни Муғира ва дигарон калонигарӣ карданд, оқибати онҳо вой шуд. Як маротиба дар Қуръон зикр шудааст.

Мутакаббир номидани касе дуруст нест, ҷуз Аллоҳ. Абдулмутакаббир номидан ҷоиз аст.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 59:23
32 / 99