← Бозгашт
18px
31
Ал-Хабир
الْخَبِيرُ
Олим ба ботини корҳо.
Хабир – хабардор ва бисёр огоҳ, кордону бисёр доно.
Хабир – ба ҳар чӣ буд ва мешавад, доност. Ӯ ҳақиқати ҳар чиз, моҳияти ҳама чиз ва аслу ҷавҳари тамоми мавҷудотро медонад. Аз Ӯ дар осмонҳо ва заминҳо чизе пинҳон нест.
Ин ном 45 маротиба дар Қуръон зикр шудааст. Абдулхабир номи нек буда, Хабир ҳам боке надорад.