Ал-Ворис
Боқӣ, ки бандаҳо ва моликияти онҳо ба сӯи Ӯ бозмегардад.
Ворис – меросбар, пас аз мавти ҳама ягона Аллоҳи Ворис боқӣ мемонад, мероси тамоми осмонҳо ва заминҳо ва он чӣ байни онҳо ва он чӣ дар онҳост, ҳама аз они Аллоҳ аст. Ҳама мемирад, тамоми молу мулк боқӣ мемонад, он рӯз молҳо ҷуз Аллоҳ ягон соҳибу молик надоранд. Аллоҳ ягона молики ҳақиқӣ аст, мулк ҳама аз они Аллоҳ аст.
Молу мулке, ки инсон дорост, дар асл моли Аллоҳ аст ва танҳо муваққатан ба дасти банда додааст, то бубинад чи гуна амал мекунад. Дар охир бозгашти ҳама молу мулк ба сӯи Аллоҳи Ворис аст. Ҳатто вақте ҳама мемиранд, Аллоҳ се маротиба нидо мекунад: «Имрӯз мулк аз они кист?». Касе ҷавоб намедиҳад. Сипас Аллоҳ таоло худ ҷавоб медиҳад: «Аз они Аллоҳи Воҳиду Қаҳҳор аст». Сураи Ғофир, ояти 16.
Ҳамчунин Аллоҳ мегӯяд:
«Албатта, Мо ҳастем, ки зинда мекунем ва мемиронем ва пас аз ҳама боқӣ мемонем». Сураи Ҳиҷр, ояти 23.
Номи Абдулворис номи нек аст. Ворис ҳам иҷозат аст.