Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
84

Ал-Ҳасиб

الْحسِيبُ

Мутаваллии умури халқаш. Кифоякунандаи таваккалкунандагон, ҳисобкунандаи амали бандагон ва ҷазодиҳандаи онҳо.

Ҳасиб – ҳисобкунанда, аъмоли бандагонашро ҳисоб мекунад, кофӣ, басанда.

Ҳасиб – аз ҳоли бандагон бохабар аст.

Касе ба Аллоҳ таввакал кунад, Аллоҳ ӯро кофӣ ва басанда аст. Амалҳоро ҳифз мекунад. Касе заррае амали нек карда бошад, подошашро мегирад ва касе заррае амали бад карда бошад, ё бо фазлу карамаш мебахшад, ва ё бо адолаташ ҷазо медиҳад.

Аллоҳ таоло бандагонашро дар ризқашон, дар ислоҳи корҳояшон ва аз шарри махлуқон худ кофист. Аллоҳ дар ҳама ҳолатҳо такягоҳи бандаи мӯъмин аст.

Касе ба Аллоҳ таваккал кунад, пас Ӯ бандаашро кофӣ ва басанда аст.

Таваккал – барои ҳосил кардани чизи лозима ва дур кардани чизи нохуш ба Аллоҳ таоло такя кардан ҳамроҳ бо боварӣ ба Аллоҳ ва гирифтани сабаби ҷоиз аз нигоҳи шариат аст. Пас дар ҷалби фоида ва дур кардани зарар ба Аллоҳи Ҳасиб таваккал кун, Ӯ туро Кофӣ аст.

Абдулҳасиб номи нек аст, аммо Ҳасиб номидани кӯдак ҷоиз нест. Ҳасиб танҳо Аллоҳ аст.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 4:6📖 4:86📖 33:39
84 / 99