Ал-Вакил
Мутаваллии корҳои халқаш. Кофӣ ва кафил аст.
Вакил – касе, ки ба ӯ таваккал карда мешавад.
Вакил – сарпараст, намоянда, касе, ки ба иҷрои коре ваколат гирифта бошад. Вакил яъне Ҳофиз, Шоҳид, зомин аст.
Хулосаи вакил ин аст, ки агар аз ӯҳдаи коре набароем, шахси ӯҳдабароро вакил мегирем. Аллоҳ аз ба ҳама кор қодир аст, бинобар ин бояд Аллоҳро барои худ Вакил қарор диҳем.
Аллоҳ дар Қуръон ба бандагонаш амр кард, ки ба Ӯ таваккал кунанд ва хабар дод, ки Ӯ таваккалкунандагонро дӯст медорад. Аллоҳ мегӯяд:
«Ғайри ман касеро вакил нагиред». Сураи Исро, ояти 2. Ба ибораи дигар: «Ҷуз Ман корсозе интихоб накунед». Яъне ба ман касеро шарик наоред.
Аллоҳ беҳтарин Вакил аст.
Таваккал – дар ҷалби фоида ва дафъи зарар ба Аллоҳ такя карда, он корро ба Аллоҳ ҳавола кардан ҳамроҳ бо гирифтани сабабҳо аст.
«Ҳасбуналлоҳ ва неъма-л-вакил». Яъне, Аллоҳ моро кифоя аст ва чӣ хуш Вакиле аст.
Ин ном чаҳордаҳ маротиба дар Қуръон зикр шудааст.
Абдулвакил номи нек аст. Вакил низ ҷоиз аст.