Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
81

Аш-Шаҳид

الشَّهِيدُ

Аз Шаҳид чизе ғоиб нест. Огоҳ ба ҳама чиз.

Шаҳид – гувоҳ, шоҳид, шоҳиди амалҳои бандагон, ягон амал, ягон сухан ҳатто суханҳои зери лаб аз Ӯ пинҳон нест, балки Аллоҳ ба тамоми ҳаракату сукуни халқ Шоҳид аст. Аллоҳ рӯзи қиёмат ба амалҳои халқ шоҳид аст. Ба ягонагии худ шаҳодат дод, ки ҷуз Ӯ дигар маъбуди барҳақ нест.

Ин ном 18 маротиба дар Қуръон зикр шудааст.

Абдушшаҳид номидан дуруст аст. Аммо Шаҳид номидан дуруст нест.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 4:166📖 22:17📖 41:53📖 48:28
81 / 99